Бо мақсади васеъ намудани дониши кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соҳаи гузаронидани амалиёти асъорӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки амалиёти асъориро танзим мекунанд, маркази таълимии ассотсиатсия санаи 15 ноябри соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд омузиш дар мавзӯи «Танзим ва назорати асъор дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил кард.

18 июня 2026

Дар омузиш дастуруламалҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба муомилоти асъорӣ, инчунин тартиби огоҳонидани БМТ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бонкҳои ваколатдор марбут ба амалиётҳои асъор ва ҳаракати сармоя, омӯхта шуд.

Ба сифати тренер мутахассисони шуъбаи назорати асъори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷалб карда шуд.