18 июня 2026
18 октябри соли 2025 Маркази таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омузиш барои кормандони хазинавии ташкилотҳои қарзӣ ташкил кард.
Мақсади омузиш: баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи иштирокчиён дар соҳаи муомилоти нақдӣ ва танзими муомилоти пул дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ тибқи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон № 227.
Мавзӯъҳои омӯзиш:
• Тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои қогазӣ ва тангаҳои фарсуда (Қарори Раёсати БМТ аз 04.12.с.2024 ва рақами қайди гирифташуда дар Вазорати Адлия аз 04.02.с.2025, таҳти рақами 421.
• Талабот ба таҷҳизоти хазинавӣ;
• Тартиби муайян кардани қобилияти пардохтпазирии асъори миллӣ ва хориҷӣ;
• Тартиби кор бо пулҳои фарсуда ва пардохтнашуда;
• Тартиби кор бо пулҳои қалбакӣ;
• Маҳорати истифодаи таҷҳизоти хазинавӣ (машинаҳои ҳисобкунӣ, мошинҳои вакуумӣ барои бастабандии пулҳо, детекторҳои пулакии қалбакӣ ва ғ.);
• Масъулияти кормандони хазинавӣ;
• Тартиби коркарди ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва ғайра.
Ба сифати тренер мутахассисони шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баромад намудан.



