18 июня 2026
Дар омузиш дастуруламалҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба муомилоти асъорӣ, инчунин тартиби огоҳонидани БМТ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бонкҳои ваколатдор марбут ба амалиётҳои асъор ва ҳаракати сармоя, омӯхта мешавад.
Мақсади омӯзиш: васеъ намудани дониш дар соҳаи гузаронидани амалиёти асъорӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки амалиёти асъориро танзим мекунанд.
Мавзуъҳои омузиш:
— Дастурамали БМТ №204 «Дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти интиқолӣ аз чониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ»;
— Дастурамали БМТ №211 «Дар бораи тартиби анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ»;
— Дастурамали БМТ №223 «Дар бораи тартиби огоҳонидани амалиёти асъории вобаста ба ҳаракати сармоя»;
— вазифа ва ухдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии хуқуқии муомилоти асъорӣ.


